Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли парвандаи Иван Шербаков ба Екатеринбург


Иван Шербаков
Иван Шербаков

Тафтиши парвандаи Иван Шербаков, сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ниҳоӣ шуда, барои баррасӣ ба додситонии ҳавзаи марказӣ дар Екатеринбург ирсол гардидааст.

Як манбаъ аз мақомоти тафтишотии пойгоҳ рӯзи 8 апрел ба Озодӣ гуфт, ки Шербаков бар асоси ин парванда ба "куштори барқасдона" муттаҳам мешавад. Мусоҳиби мо афзуд, парвандаи мазкур баъд аз баррасӣ ба Додгоҳи округи Урал фиристода шуда, баъдан додрасҳо дар чаҳорчӯби додгоҳи сайёр ба Тоҷикистон омада, ҳукми Иван Шербаковро эълон хоҳанд кард.

Ин манбаъ гуфт, аз ҳуқуқи сарбози Русия Иван Шербаков адвокат Абдуқаюм Юсуфов аз Тоҷикистон ҳимоят мекард ва бо дар назардошти санҷиши вакилони мудофеъ аз тарафи Вазорати адлия додгоҳи 109-уми пойгоҳ аз Маскав вакили дифоъ даъват кардааст.

Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли духтари тоҷик Шоира Ҷобирова муттаҳам дониста мешавад, баъд аз ташхиси пурраи вазъи рӯҳиаш аз Екатеринбург дар охирҳои моҳи гузашта ба Душанбе оварда шуд ва таҳқиқи парвандааш дубора шурӯъ шуда буд. Ташхиси вазъи равонии Иван Шербаков тақрибан панҷ моҳ идома кард ва беморхонаи рӯҳии Екатеринбург вазъи ӯро мусбат баҳо дода, зикр кардааст, ки Шербаков мушкили равонӣ надорад.

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябри соли 2015 аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира пайи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Дар пайи ин хабар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов ёддошти расмӣ супурд, ки дар он аз ҷониби Маскав хоста шудааст, аз такрори чунин амали сарбозонаш дар кишвар ҷилавгирӣ намояд.

XS
SM
MD
LG