Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аз кори блоки иқтисодии ҳукумат шадидан изҳори ташвиш кард. Ӯ дар ҷаласаи рӯзи 6 апрели парлумон ба имконоти пасти тавлидотӣ дар кишвар ишора кард ва гуфт, "танҳо шаш дарсади нахи пахта дар кишвар дар шакли ниҳоӣ истифода мешаваду бас."
Ӯ гуфт, "аз пахтаи деҳқони тоҷик дар хориҷа фоида мебинанд. Дар ҳоле ки бояд дар Тоҷикистон ба соҳибкорон шароит оварда шавад, то онҳо дар дохили кишвар корхонаҳои истеҳсоли молҳои пахтагӣ ба роҳ монда шавад."
Оқои Зуҳуров дар идомаи сӯҳбаташ аз блоки иқтисодии ҳукумат хост, дар шароити бӯҳрони молӣ корашонро ҷоннок кунанд, вагарна ба гуфтаи ӯ "ҳар касе аз ӯҳдаи супоришҳои Пешвои милат намебарояд, бояд равад."