Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Лавров ба Тоҷикистон меояд


Олег Сиромолотов, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи 5 апрел бо сафари корӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки сафари Сиромолотов то 7 апрел идома карда, ӯ дар машваратҳои сиёсии миёни вазоратҳои хориҷии ду кишвар дар Душанбе иштирок мекунад.

Инчунин, ба иттилои манбаъ, муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт рӯзи душанбе вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ба иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, “ҳайати Кувайт ба раҳбарии Алӣ Сулаймон ас-Саъд, муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар дар машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Кувайт иштирок мекунад.”

Ба гуфтаи манбаъ, ташрифи ҳайати кувайтӣ дар Тоҷикистон то 6 апрел идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG