Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл маълумоти Reuters-ро таҳқиқ намекунад


Алиса Харчева
Алиса Харчева

Кремл маълумот дар бораи дар ихтиёри занҳои наздик ба президент Владимир Путин гузоштани дороиҳои ғайриманқули соҳибкор Григорий Баевскийро, ки дар мақолаи Reuters омадааст, таҳқиқ нахоҳад кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, чопи маълумот дар бораи ба ихтиёри наздикони Владимир Путин гузаштани дороиҳои ғайриманқулро, ки дар мақолаи хабаргузории Reuters истифода шудааст, бахше аз "ҳамлаи иттилоотӣ" алайҳи раиси ҷумҳури ин кишвар хондааст. Аз ин лиҳоз, ӯ таъкид кардааст, ки Кохи Кремл ин гуна маълумотро ба ҳеч ваҷҳ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор нахоҳад дод.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти ин хабаргузорӣ, соҳибкори Санкт-Петербург Григорий Баевский дороиҳои ғайриманқули гаронбаҳоро ба чор зан-духтари хурдии Путин Катерина Тихонова, ба ду хеши наздики гимнасткаи собиқ Алина Кабаева, ки ӯро расонаҳои Русия "маъшуқаи Путин" мехонанду то ҳол маълумоти тақсдиқкунанда дар ин замина вуҷуд надорад, додааст. Нафари чорум донишҷӯ Алиса Харчева будааст, ки дар соли 2012 аксаш дар тақвиме ба ифтихори зодрӯзи раиси ҷумҳури Русия чоп шуда буд.

Дар соли 2013 Баевский ҳавлӣ ва қитъаи замини наздиҳавлигиро дар минтақаи Успенскии вилояти Маскав ба Анна Засепинаи 81-сола, бибии Алина Кабаева ва дар соли 2009 хонаеро ба хоҳари ӯ Ляйсан Кабаева додааст. Баъдан дар маҷмааи коттежҳои Маскав хонаеро дар ихтиёри Алиса Харчева гузоштааст. Дар бораи арзиши ин муомилот маълумоте нест.

Григорий Баевский ёрдамчии соҳибкор Аркадий Ротенберг, дӯсти қадимаи Путин аст. Тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи ду соли ахир ширкате, ки дар он Баевский ҳамшарик аст, дар корҳои сохтмонии давлатӣ ҳудуди 6 миллиард рубл ё 89 миллион доллар ба даст овардааст.

Дар мақолаи Reuters Дмитрий Песков дар бораи Баевский чунин гуфтааст: "Мо дар бораи ӯ маълумоте надорем. Президент ҳам бо ӯ ошно нест".

Рӯзи 28 марти соли ҷорӣ Дмитрий Песков аз омода шудани "ҳамалоти иттилоотӣ" алайҳи Владимир Путин, хонавода ва дӯстонаш дар расонаҳои кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дода буд.

Ҷаноби Песков рӯзи 28 март дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт: "Бовар дорем, дар ин ҳамлаи иттилоотӣ на танҳо журналистон, балки намояндагони созмонҳо ва хадамоти дигар ширкат доранд. Дар рӯзҳои наздик онҳо дар Олмон, Амрико, Британияи Кабир, Швейсария, Русия ва матолиби худро интишор хоҳанд кард".

ба гуфтаи ӯ, Консорсиюми байналмилалии таҳқиқоти журналистӣ барои пайдо кардани иттилоот дар бораи Путин, оилааш, дӯстони даврони бачагиаш, соҳибкорон (Ковалчук, Ротенберг) ва ширкатҳои офшорӣ ба ҷониби Русия муроҷиат кардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Песков, агентиҳои маъруфи байналмилалӣ низ барои интишори матолиб дар ин замина омодагӣ мегиранд. Дар ин матолиб иттилоот дар бораи ҷиноят ва фасоди созмонёфта, робитаи Путин бо соҳибкорон, додани қарордодҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва сарватмандшавии соҳибкорон аз ҳисоби Путин дарҷ хоҳад шуд.

Дмитрий Песков ин иқдомро "худнамоӣ"-и навбатӣ хонда ва гуфта буд, ки Кохи Кремл ба саволҳои ворида посух нахоҳад дод.

XS
SM
MD
LG