Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI. Туркия суриягиҳоро бозпас мефиристад


Туркия моҳҳои ахир ҳазорон суриягиҳоро водор сохтааст, ки ба ватанашон баргарданд. Дар изҳороти созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал, ки рӯзи ҷумъа, 1 апрел нашр шуд, ин иқдоми Анкара – нақзи меъёрҳои қавонини аврупоӣ ва байнулмилалӣ арзёбӣ шудааст.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз миёнаҳои моҳи январ ба ин сӯ тақрибан ҳар рӯз маъмурони интизомии Туркия то саднафарӣ марду зан ва кӯдакони суриягиро аз хоки Туркия берун мекунанд. Афви Байнулмилал мегӯяд, ин қазия собит мекунад, ки бар пояи қарордоди миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Анкара аз кишварҳои аврупоӣ ба Туркия истирдод кардани муҳоҷирон барои онҳо чӣ паёмаде хоҳад дошт. Қарордод аз ҳафтаи оянда ба ҳукми қонун медарояд.

Раиси Amnesty InternationalҶон Далҳуисен дар муаррифии гузориш гуфт, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар талоши бастани марзҳои қора он нуктаи оддиро сарфи назар кардаанд, ки Туркия ҷои бехатаре барои паноҳандагон нест.

Вазорати умури хориҷии Туркия иддаои иҷборан бозпас фиристодани паноҳандагони суриягирорад кард. Дар изҳороти ахири вазорат гуфта шудааст, Туркия панҷ сол боз аз сиёсати “дарҳои боз” кор мегирад ва аз истирдоди афроде, ки дар Ватан ба таъқибу шиканҷа мувоҷеҳ мешаванд, худдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG