Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқу озодиҳо дар Қрим маҳдуд шудааст


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, мақомоти Русия баъди ишғоли нимҷазираи Қрим дар ду соли гузашта, дар инҷо фазои фарогири тарсу саркӯбӣ офаридаанд. Ин созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ рӯзи 18-уми март бо нашри гузорише гуфт, ки баъди илҳоқи Қрим дар моҳи марти соли 2014 “фазо барои озодии баён, озодии ҷамъомад ва матбуот дар Қрим фавқуллода маҳдуд шудааст.” Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар мақомоти зери ҳимояти Русия дар нимҷазира тоторҳои Қрими мухолифи ишғолро “тарсондаву таҳдид карда ва алайҳи онҳо худсарона парванда боз кардаанд.” Федерика Могерини, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 18-уми март дар як баёния таъкид кард, ки ин иттиҳодия ишғоли Қрим аз Украинаро ғайриқонунӣ медонад ва онро ба расмият намешиносад.

XS
SM
MD
LG