Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғанӣ: як ваҷаб замин ба ДОИШ дода намешавад


Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки тундравҳои Давлати Исломӣ дар шарқи ин кишвар дар ҳоли фирор ҳастанд. Вай дар нишасти хабарии муштарак бо Ҷенс Столтенберг-Дабири Кулли паймони НАТО 15 март дар Кобул гуфт: “Як ваҷаб замин ба ҷангандаҳои тундравҳо дода намешавад”.

Вай беҷо шудани нируҳои ДОИШ аз лонаҳояшонро ба амалиёти густарда ва муштараки нируҳои ҳавоии Амрико бо нируҳои заминии Афғонистон иртибот дод.

Дар давоми шаш моҳи охир нируҳои ДОИШ дар вилояти Нангарҳор бо нируҳои Тобион ҷангдиданд ва ба истилоҳ барои худ дар ин вилоят “ҷои пой” дуруст карда буданд.

Нируҳои ДОИШ дар ин минтақа аслан аз нируҳои пешини Толибон ташкил шудаанд. Баъд аз як соли хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон Столтенберг қавл дод, ки дар оянда низ кӯмакҳои низомии ин паймонро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG