Се сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба гумони муомилот бо доллари қалбакӣ боздошт шудаанд.
Бино ба иттилоъи Вазорати коҳои дохилӣ, ин сокинон мардони 27, 36 ва 42 сола буда, рӯзи 5 уми март дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ Қалъчаи ноҳияи мазкур, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз як сокини вилояти Бодканди ин кишвар бидуни расмиёти гумрукӣ 30 тонна нурии минералии “Карбамид” гирифта, ба он мард 9 ҳазору 600 доллари амрикоии қалбакӣ додаанд.
Ҳамин манбаъ меафзояд, ки ташхис бидуни “талаботи технологӣ” ва “сохта” будани 96 адад пулҳои 100 долларро муайян кардааст.
Дар бораи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст.
Дар ду моҳи охир мақомоти вилотяи Суғд барои бори дуюм аз кашфу мусодираи пулҳои қалбакӣ аз дасти сокинони минтақа хабар медиҳанд.
Мақомоти пулис аввали моҳи феврал аз як сокини шаҳри Гулистон (Чкалови собиқ) Саидакмал Амонов панҷоҳ ҳазор рубли русиро кашф ва мусодира кардаанд. Ин ҷавони 31-сола дар назди бозори Панҷшанбе ҳангоми иваз кардани 500 рублиҳои русӣ боздошт шудааст. Вай ба мақомоти пулис гуфтааст, ки моҳи декабри соли 2015 аз муҳоҷирати кории Русия баргашта , рублҳои сохтаро аз ин кишвар оварда буд.
Мақомоти пулиси вилояти Суғд алайҳи Саидакмал Амонов мутобиқи банди 281 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ ” парванда боз кардааст, ки ин банд ба муҷрим аз 5 то 8 соли зиндон бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад.
Соли гузашта пулис дар як сокини ноҳияи Спитамен 475 ҳазор рубл ва дар ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 130 ҳазор рубли русиро дарёфт ва мусодира намуда буданд.