Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти наҷот дар кони Северная боздошта шуд


Владимир Пучков
Владимир Пучков

Владимир Пучков-вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия мегӯяд, тақрибан шансе боқӣ намондааст, ки 26 нафар коргарони кони Северная дар Воркутаи Шарқи Дур дар зери замин зинда бошанд. 25 феврал дар ин кон такише рух дод ва ин 26 нафар дар дохили кон монданд.

Пучков ин суханонро баъд аз чанд соати таркиши 28 феврал изҳор дошт, ки дар он 6 нафар кормандони наҷот ба ҳалокат расиданд. Онҳо талош доштанд дар зери замин то ба назди кормандони бедаракшудаи кон худро бирасонанд. Вале худашон дар таркиш кушта шуданд.

Пучков гуфт, ҳарорати баланд дар қисмати харобшудаи кон ва набуди оксиген “имкон намедиҳад, ки касе зинда монда бошад”. Вай гуфт, баъд аз таркиши 25 феврал бо ҳеҷ як аз ин 26 нафари гумшуда тамос гирифта нашудааст.

Баъд аз кушта шудани 6 корманди наҷот амалиёти наҷотро ҳам боздоштаанд. Шумораи умумии кушташудагонро 36 нафар тахмин мезананд, ки ба онҳо, албатта, шаш корманди наҷот низ дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG