Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди боғи 25-солагии истиқлол дар Алмосӣ


Дар ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба бунёди боғи нави ба номи 25-солагии истиқлоли кишвар асос гузошта шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 25 феврал дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ин боғ 3 ҳазор тан аз сокинони ноҳияи Ҳисор ширкат кардаанд. Президент низ якчанд ниҳоли дарахтони гелос, олу ва себ шинондааст.

Дар боғи нав, ки дар майдони беш аз 200 гектар доман паҳн кардааст, дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ қомат рост мекунанд.

Дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҳисор, ки беш аз 15 ҳазор нафар ширкат доштанд, раҳбари давлат мардумро "барои идомаи корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва меҳнати софдилонаю содиқона бар нафъи Ватан ва миллат ҳидоят намудааст".

Ду рӯзе қабл, дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG