Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Нуробод пули 800-метра месозанд


Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, муовини cарвазири кишвар Иброҳим Азимов бо намояндаҳои ширкати “Институтстройпроект”-и Русия тарҳи сохтмони пули 800-метра бар фарози дарёи Сурхобро баррасӣ кардаанд.

Шералӣ Ганҷалзода рӯзи 17 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкати Русия дар мулоқоти дирӯза 6 тарҳи сохтмони пули 800-метра бар фарози дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нурободро муаррифӣ кардааст. Ӯ афзуд, тарҳҳои ин ширкат аз нигоҳи фанӣ писанд аст, вале онҳо тарҳҳои ширкатҳои кишварҳои дигарро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ин пул дар роҳи мошингарди - Нуробод - Саритоши Қирғизистон сохта мешавад.

Бонки осиёии рушд ҳанӯз 10 сол қабл дар чаҳорчӯби барномаи CAREC маблағгузорӣ барои бунёди ин роҳ маблағ ҷудо кардааст. Ин бонк се барномаи барои Тоҷикистон муҳими тармими роҳи Душанбе - Нуробод - Саритоши Қирғизистон, бозсохти лӯлаҳои гази минтақа ва бозсозии шабакоти барқрасонии Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад.

Барои татбиқи марҳалаи аввали тармими роҳи Душанбе - Нуробод - Тоҷикобод ва то марзи Қирғизистонро 15 миллион доллар кӯмак расонда ва бо имзои як қарордоди дигар тааҳҳуд дода, ки марҳалаи дуввуми ин барномаро бо ҳудуди 30 миллион доллар қарзи нав таъмини молӣ хоҳад кард. Қарзи нави Бонки Осиёӣ боимтиёз буда, барои 32 сол дода мешавад.

XS
SM
MD
LG