Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷоранишинони хориҷиро берун мекунанд


Қисме аз хориҷиҳо, аз ҷумла дипломати баландмақоми Белорус ва чанде аз роҳбарону кормандони ширкатҳои хориҷӣ дар Туркманистон аз манзилҳои иҷораашон ронда шуданд. Дар натиҷа роҳбарияти вазорати корҳои хориҷии он кишвар даст ба кор шуд, то ин "ҷанҷол"-ро ҳал кунад. Пештар президенти Туркманистон талаб карда буд, ки низоми иҷораи хонаҳои истиқоматӣ ба танзим оварда ва қонунӣ шавад. Вале мақомоти қудратӣ иҷоранишинонро якбора аз манзилҳои иҷора берун карданд. Як гуруҳи мақомоти қудратӣ аз ҷумлаи кормандони вазорати амнияти миллӣ, ВКД ва мақомоти маҳаллӣ хона ба хона гашта, манзилҳои иҷораро ошкор кардаанд. Ба иҷоранишинон ҳамагӣ чанд соат вақт додаанд, ки хонаҳоро холӣ кунанд. Дар натиҷа шумори зиёде аз шаҳрвандони хориҷӣ - дипломатҳо, тоҷирон, омӯзгорон дар ин амалиёт "қурбон" шуданд. Баъди зангҳои бешумор ба вазорати корҳои хориҷӣ аз сафоратҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ, роҳбарияти вазорат маҷбур шуд ба қазия дахолат кунад. Ҳарчанд вазорат мушкили дипломатҳоро ҳал кард, ҳамоно бисёре аз тоҷирон дар миеҳмонхона ва ё дар дафтарҳои кориашон боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG