Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Кобул 10 кушта барҷой гузошт


Дар маркази Кобул дар наздикии бинои порлмони Афғонистон ва посгоҳи пулис таркиши қаввӣ рух додааст. Бино ба гузоришҳо, дар ин таркиш 10 нафар кушта шудаанд.

Аюб Солангӣ-муовини вазири корҳои дохилаи Афғонистон дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, ки дар таркиши хиёбони Деҳ Мазанг, ки ба Боғи Вуҳуши Кобул наздик аст, 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба маҳали ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ рафту омад мекарданд ва афроди маҷруҳро мебурданд. Таркиши 1 феврал аз ҷумлаи ҳамлаҳои як моҳи охир дар Кобул аст, ки даҳҳо нафарро кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

XS
SM
MD
LG