Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо тан дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия кушта шудаанд


Фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, дар ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои Русия дар шарқи Сурия дастикам 63 нафар, аз ҷумла 9 кӯдак, кушта шудаанд.

Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия мегӯяд, ҳавопаймоҳои низомии Русия 23 январ ба рустои Хошон, ки дар контроли тундравҳои Давлати Исломӣ қарор дорад, ҳамла бурдаанд.

Ин иддаоро манобеи мустақил имкони таъйид кардан надоранд. Тундравҳои Давлати Исломӣ аксари минтақаҳои нафтхези вилояти Дейр Зурро ба контроли худ даровардаанд. Рустои Хошон низ яке аз чунин ҷойҳост.

Дар давоми ҳафтаи гузашта тундравҳо дар наздикии ин вилоят бар зидди нируҳои ҳукумати Сурия амалиётро оғоз карданд.

Русия чун кишвари ҳампаймони ҳукумати Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия моҳи сентябри соли гузашта ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурияро оғоз намуд ва гуфт, ки гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломиро дар ин ҳамлаҳо ҳадаф қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG