Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати Узбакистон ба Вашингтон


Абдулазиз Комилов ва Ҷон Керрӣ, акс аз бойгонӣ, марти соли 2013
Абдулазиз Комилов ва Ҷон Керрӣ, акс аз бойгонӣ, марти соли 2013

Ҳайати намояндагии Узбакистон ба сарпарастии Абдулазиз Комилов-вазири корҳои хориҷаи ин кишвари худкома 19 январ вориди Вашингтон шуд, то бо ҷониби Амрико дар бораи доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла дар бораи ҳуқуқи башар ва амният музокира анҷом диҳад.

Ниша Дисей Бисвол-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ аз ҳайати Узбакистон пазироӣ намуд.

Ин ҳайат дар шашумин машварати солонаи дуҷониба ширкат мекунад. Ҷонибҳо дар бораи “равандҳои сиёсӣ, суботи минтақа ва амният, ҳуқуқи инсон ва кор, маориф ва рафту омадҳои фарҳангӣ, рушди иқтисодиву тиҷоратӣ ва масъалаҳои дигари мавриди алоқаи ҳар ду ҷониб гуфтугӯ мекунанд”.

Гурӯҳҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ҳамеша ҳукумати Узбакистонро барои нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба зиндон андохтани рақибони сиёсӣ ва шиканҷаи онҳо муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG