Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумонӣ 15 октябр баргузор мешавад


Аҳмад Юсуф Нуристонӣ
Аҳмад Юсуф Нуристонӣ

Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Кумиссиюни интихоботии Афғонистон гуфтааст, ки интихоботи ба таъхирафтодаи парлумони ин кишвар барои 15 октябри соли 2016 барномарезӣ шудааст. Вай ин нуктаро дар Кобул 18 январ ба рӯзноманигорон изҳор дошт ва гуфт, интихобот танҳо замоне дар вақташ баргузор хоҳад шуд, ки агар ҳукумат барои он буҷаи зарурӣ ихтисос диҳад, амнияти номзадҳо, кормандони интихоботӣ ва қуттиҳои раъйдиҳиро таъмин кунад.

Давраи 5-солаи парлумони кунунии Афғонистон моҳи июни соли 2015 ба охир расида буд, аммо ин интихоботро ба сабабҳои амниятӣ, ихтилофи назарҳо бар сари баргузории интихоботи озоду одилона ба таъхир гузоштанд, зеро интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2014 ба баҳсҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда буд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон соли 2015 мӯҳлати эътибори парлумонро то замони баргузории интихобот тамдид карда буд. Мунтақидон қонунӣ будани ин фармони раиси ҷумҳурро зери суол бурдаанд.

XS
SM
MD
LG