Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА алайҳи Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард


I

ИМА алайҳи ширкатҳову шаҳрвандони эронӣ дар робита ба барномаи мушкаҳои балластикии Эрон таҳримҳои нав эълон кард. Таҳримҳо рӯзи 17 январ, як рӯз баъд аз он эълон шуданд, ки баъд аз гузориши ахири МАГАТЭ дигар таҳримҳо дар робита ба барномаи ҳастаии Эронро бекор карданд.

Дар изҳороти вазорати молияи ИМА гуфта шудааст, ки таҳримҳо алайҳи панҷ шаҳрванди Эрон ва шабакаи ширкатҳои эронии мустақар дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва Чин ҷорӣ шудаанд.

Нозирони таслиҳотии СММ дар гузориши худ моҳи декабри соли гузашта гуфтанд, ки партоби мушаки балластикии доираи амалаш миёна аз сӯи Эрон нақзи таҳримҳои байнулмилалист – ин таҳримҳо ба Эрон иҷозаи тавлиди мушакҳоеро, ки тавони бурдани силоҳи ҳастаиро доранд, намедиҳанд.

Хабаргузории Рейтер бо такя ба мансабдорони огаҳ аз ин қазия навиштааст, ки раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама бо вуҷуди фишорҳои зиёд тайи ду ҳафта аз ироаи таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон сарпечӣ кард, то ки раванди раҳоии панҷ маҳбуси амрикоӣ аз зиндонҳои Эрон халалдор нашавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG