Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавод Зариф: Имрӯз таҳримҳо лағв хоҳанд шуд


Муҳаммад Ҷавод Зариф
Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, гуфт, ки рӯзи 16 январ таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳрон лағв мешаванд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, изҳор намуд, ки "ин рӯзи хуб барои ҷаҳон ва барои мардуми Эрон аст".

Қарор аст, ки Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ва раиси идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ рӯзи шанбе дар шаҳри Вена бурду бохтҳо дар татбиқи созиши ҳастаӣ миёни Теҳрон ва шаш кишвари абарқудрати оламро баррасӣ кунанд.

Эрон ва гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” моҳи июли соли гузашта ба созиш расиданд, ки Теҳрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро маҳдуд мекунад.

Қарор аст, ки МАГАТЭ – Бунгоҳи байнулмилалии ҳастаии СММ рӯзи 16 январ аз сӯи Эрон иҷро шудани нуктаҳои созиши ҳастаиро таӣйид кунад. Гузориши ин ниҳод ба ҷонибҳо имкон медиҳад, ки дар Вена шурӯи татбиқи нуктаҳои асосии созиши ҳастаиро эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG