Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи ҳамла ба хатҳои интиқоли барқи Украина


ИМА дар таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи моҳи декабр ба шабакаҳои барқии Украина ба ин кишвар мусоидат мекунад.

Ин ҳодиса 23 декабр рух дода буд. Дар натиҷаи ин амал 80 ҳазор сокин дар қисмати ғарбии кишвар бе барқ монданд. Бархе аз коршиносон ин ҳодисаро нахустин мавриди қатъи интиқоли нерӯи барқ дар пайи ҳамлаи ҳакерҳо унвон карданд.

Шӯрои амнияти Украина Русияро дар ҳамдастӣ дар ин ҳодиса айбдор кард. Агентии амрикоии iSight Partners дар бораи гумони ширкати гурӯҳи ҳаккерҳои русии “Sandworm” хабар нашр кард. Агар далелҳои мудохилаи Русия ба ин ҳодиса пайдо шавад, президенти ИМА Барак Обама бо зарурати эълони онҳо рӯбарӯ мешавад.

Мисли ҳодисаи рахна кардани сомонаи ширкати Sony Pictures Entertainment дар соли 2014 аз сӯйи ҳаккерҳои Куриёи Шимолӣ. Дертар Обама дастур дод, ки зидди Куриёи Шимолӣ таҳримҳое роҳандозӣ шуда, ба шабакаҳои компютерии ин кишвар ҳамлаи ҷавобӣ сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG