Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон феҳристи Толибонро пешниҳод мекунад


Ҷовид Файсал

Як мақоми расмии Афғонистон гуфтааст, ки Покистон феҳристи Толибонеро, ки майли ширкат дар музокирот бо Кобулро доранд, пешниҳод хоҳад кард. Ин афроди Толибон дар мулоқоти чаҳорҷониба ширкат хоҳанд кард. Қарор аст дар ин музокирот роҳҳои азсаргирии музокироти сулҳи Афғонистон баррасӣ шавад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки 11 декабр дар Исломободи Покистон намояндагони расмӣ аз Афғонистону Покистон ва Амрикову Чин барои баррасии харитаи роҳи сулҳи Афғонистон гирдиҳам оянд.

Ин мулоқот ширкати Толибонро дар назар надорад. Ҷовид Файсал-муовини сухангӯи раиси иҷроии Афғонистон 10 январ гуфт, Покистон дар феҳристеро пешниҳод хоҳад кард ва дар он Толибоне, ки хостори музокирот ҳастанд ва Толибоне, ки музокиротро намехоҳанд, оварда мешавад.

Файсал гуфт, Покистон ҳамчунин розӣ шудааст, ки дигар ба размандагони Толибони мустақар дар хоки Покистон кӯмаки молӣ нахоҳад кард. Ин кишвар ҳамчунин имкон нахоҳад дод, то Толибон аз қаламравҳояш ба хоки Афғонистон бигзаранд. Ба гуфтаи Файсал, дар ин қарордод ҳамкориҳои дуҷониба барои мубориза бо терроризм дар назар гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG