Сержант Боу Бергдал, ки тақрибан панҷ сол дар асорати ҷунбиши “Толибон” дар Афғонистон буд, рӯзи 22 декабр дар додгоҳи низомии Форт-Брэггеи Каролинаи Шимолӣ ҳозир мешавад. Сарбоз дар "фирор аз қисми низомӣ ва оҷизӣ дар назди душман" гумонбар мешавад.
Аз ин пеш артиши ИМА гуфта буд, ки Бергдал мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор мегирад ва дар сурати тайид шудани иттиҳом ба ӯ ҳабси абад таҳдид мекунад.
Боу Бергдалро, ки 30 июни соли 2009 баъд аз тарки пойгоҳи низомӣ ба асорати толибон афтода буд, соли гузашта бо панҷ узви ҷунбиши “Толибон” – маҳбусони зиндони Гуантанамо иваз карда буданд.
Вакили дифои сарбоз Юҷин Фиделл аз он шикоят кардааст, ки сиёсатмадорони воломақоми амрикоӣ бо пахши изҳороти шадидуллаҳн ҳаққи фарди зери ҳимояташ ба додгоҳи одилонаро поймол кардаанд. Доналд Трамп, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳон, Бергдалро “хоини ифлос” номида буд.