Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди САҲА аз ҷаримабандии журналистон дар Қирғизистон


Дуня Мятович аз вазъи озодии баён дар Қирғизистон интиқод кардааст
Дуня Мятович аз вазъи озодии баён дар Қирғизистон интиқод кардааст

Дуня Мятович, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар масоили озодии баён аз мақомоти Қирғизистон хостааст, то аз бастани ҷаримаҳои сангин ба рӯзноманигорон худдорӣ кунанд.

Дар ин замина рӯзи 18 декабри соли ҷорӣ Бюрои САҲА дар масоили озодии баён хабар додааст.

Дар иттилои ин манбаъ ба қазияи Дайирбек Орунбеков, сардабири торнамои maalymat.kg ишора шудааст, ки дар авоили моҳи ҷорӣ ба иттиҳоми таҳқири шаъну шарафи раиси ҷумҳури Қирғизистон ба миқдори 2 миллион сом ё ҳудуди 24 ҳазор евро ҷарима шудааст.

Дуня Мятович гуфтааст, ин гуна тадобири сахтгиронаи мақомоти Қирғизистон хабарнигорон ба худсонсур водор сохта ва ба вазъияти озодии баён дар ин кишвар зарбаи ҷиддӣ ворид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG