Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи АвруОсиё


Толибилмони литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.” ва литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар мусобиқоти миёндастаии барномасозони АвруОсиё дар Қазоқистон медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. Аз ҷумла, Суруш Давлатзода, Нодир Даминов, Самариддин Шарипов, Беҳрӯз Ашӯров, Фирдавс Сатторов, Фарҳоди Ҳокимиён медалҳои нуқраро ба гардан овехтанд. Дар даври ниҳоии Олимпиада 196 даста дар ҳайати 288 донишомӯз аз литсей ва гимназияҳои беҳтарин аз 12 кишвар, ки дар даври интихобии фосилавӣ ғолиб омада буданд, ширкат варзиданд. Ҳама ҷоизадорони Олимпиадаи мазкур, бо шумули дорандагони дипломи ин мусобиқа бидуни имтиҳон ба гуруҳҳои буҷавии чандин донишгоҳҳои бонуфузи Русия ва Қазоқистон пазируфта хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG