Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғанӣ хостори тафтиши зарба ба масҷид шуд


Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, хостори пажуҳиши зарбаи миномёт ба як масҷид шуд, ки дар он ҳашт сокини осоишта ба ҳалокат расида, ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ӯ дар як изҳорот рӯзи 5 декабр гуфт, ки ин ҳодиса ҳангоми амалиёти низомӣ дар минтақаи Сайидободи вилояти Вардак ба вуқӯъ пайваст. Ашраф Ғанӣ ба пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, ки барои пажуҳиши ҳодиса масъулини вазорати дифоъро ба Вардак мефиристад.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки аз зарбаи гулулаи миномёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар канори масҷид ҳашт нафар ҷон бохтанд ва аммо толибон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса даҳ сокини осишта кушта шуда ва ҳашт каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои СММ, фақат дар нимаи аввали соли равон дар Афғонистон тақрибан 5 ҳазор аз шаҳрвандони осоишта кушта шудаанд, ки бузургтарин талафот аз соли 2009 ба ин сӯ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG