Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони Амрико дар артиш хидмат мекунанд


Эш Картер

Эш Картер-вазири дифои Амрико дастуре содир кард, ки бар асоси он занони ин кишвар метавонанд дар ҳамаи воҳидҳои низомии артиш, аз ҷумла дар таркиби нируҳои дарёӣ ва нируҳои таъиноти вижа хидмат кунанд.

Ин тасмим баъд аз омӯзишҳои сесола дар ҳамаи навъҳои нируҳои артиш гирифта шудааст. То соли 2013 занони Амрико ҳақ надорштанд дар воҳидҳои ҷангии артиш хидмат кунанд.

Ҳоло дар нируҳои пиёданизом ва ҷузу томҳои вижахидмат карда наметавонанд. Вале баъд аз як моҳ онҳо ҳақ пайдо хоҳанд кард, ки дар ин ҷузу томҳо хидматро шуруъ кунанд, агар омодагии ҷисмонии онҳо ба он ҷавобгӯ бошад.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки нируҳои мусаллаҳи ин кишвар «қадамҳои таърихӣ мебардорад». Вай гуфт, «Чун фармондеҳи кулли нируҳо ман медонам, ки ин тағирот мисли тадбирҳои пешин артиши моро таҳким мебахшад. Нируҳои мусаллаҳ дар интихоб имконоти бештар пайдо мекунад. Заноне, ки омодагии онҳо ба меъёрҳои баланди низомӣ ҷавобгӯ аст, имконоти нав пайдо мекунанд».

XS
SM
MD
LG