Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА масъулиятро эҳсос мекунад


ИМА чун бузургтарин иқтисоди дунё ва дуввумин кишвари тавлидкунандаи газҳои саноатӣ на фақат масъулияти худ дар эҷоди газҳои гулхонаиро эътироф мекунад, балки як бахши масъулият барои ҳалли ин мушкилро бар дӯш мегирад. Ин изҳороти Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 30 ноябр дар нишасти муҳитизистии СММ дар шаҳри Порис садо дод.

Обама гуфт, ки Вошингтон омода аст ба кишварҳои аз тайғири иқлим осебпазир кӯмаки нави молиявӣ пешниҳод кунад.

Конфаронси миҳитизисти Порисро раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ифтитоҳ кард ва аз сарони кишварҳои олам даъват намуд, ки созиши нав оид ба гармшавии сайёраро қабул кунанд. Конфаронси муҳитизистии СММ рӯзи 30 ноябр шурӯъ шуд ва то 11 декабр идома хоҳад кард.

Қарор аст дар конфаронси Порис созиши нави бисёрҷониба дар бораи маҳдудсозии партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо дар давраи баъд аз соли 2020 пазируфта шавад. Созиши нав бояд ҷойгузини протоколи Киото шавад, ки соли 1997 имзо шуда буд ва ба гуфтаи мутахассисон, аҳамияташ кам шудааст. Як сол пеш дар шаҳри Лима, пойтахти Перу, дар конфаронси муҳитизистии СММ бо ҳузури ҳайатҳои 196 кишвар матни созиши нав пазируфта шуд, ки қарор аст он асоси созиши Порис шавад.

XS
SM
MD
LG