Дар Бишкек кормандони милитсия се шаҳрванди Ӯзбекистонро барои ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи давлатӣ боздошт кардаанд.
Дар ин бора маркази матбуотии ВКД-и Қирғизистон хабар додаааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Анвари 26-сола, Исломҷони 18-сола ва Носири 39-сола гуфтаанд, ки 10 ноябри соли 2015 марзи давлатии Қирғизистон дар наздикии деҳаи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод гузаштаанд.
Ҳоло қазияро мақомоти амнияти давлатии Қирғизистоон таҳқиқ мекунанд.
Дар бораи боздошти ин шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафорати ин кишвар дар Қирғизистон нома фиристода шудааст.