Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтишот иллатҳои суқути Қундузро номбар кард


Амруллоҳ Солеҳ
Амруллоҳ Солеҳ

Муфаттишони афғон раҳбарии заиф, сӯиистифодаи манобеъ ва камбуди ҳамоҳангӣ байни нирӯҳои амниятии Афғонистонро далели ба дасти ҷангиёни Толибон суқут кардани шаҳри Қундуз дар поёни моҳи сентябр ном бурданд. Амруллоҳ Солеҳ, раҳбари собиқи идораи иктишофии Афғонистон рӯзи 21 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, “ҳатто дар рӯзи бӯҳрон касе намедонист, ки масъулият бар дӯши кист?” Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ раҳбарии тафтишоти қазияи суқути Қундузро ба Амруллоҳ Солеҳ супурда буд. Солеҳ исми кадом мансабдори мушаххасро набурд, вале ислоҳи Шӯрои амнияти миллиро пешниҳод кард.

Ҷангиёни Толибон рӯзи 28 сентябр маркази маъмурии вилояти Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатӣ танҳо баъди 3 рӯз ва бо ҷалби нирӯҳои ҳавоии НАТО муяссар шуд, то ин шаҳри муҳимро дубора ба даст биоранд. Дар ҷангҳои Қундуз ҳудуди 200 нафар аз нирӯҳои артишу пулис ва мардуми осоишта кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG