Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби марги Умаралӣ Назаровро эълон карданд


Умаралӣ Назаров-кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург аз бемории сармохӯрдагӣ даргузаштааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС-и Русия гузориш додааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки натиҷаҳои муоинаи тибби додгоҳиро дар ихтиёр дорад ва цитомегаловирус сабаби марг шудааст.

Санҷиши тибби додгоҳии ҷасади Умаралӣ 16 рӯз давом кардааст. Бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ, дар натиҷаҳои муқаддамотӣ низ гуфта буданд, ки ин кӯдак аз сармохӯрдагӣ гузаштааст ва акнун онро гӯё таъйид карданд.

Бино ба ин хабар, ин вирус метавонад дар батни модар ҳам ба кӯдак дода шавад. Дар натиҷаҳои муоина омадааст, ки дар таркиби организми кӯдак моддаҳои алколӣ, моддаи мухаддир ва ё доруҳои сахттаъсир ошкор нашудааст.

Умаралӣ Назаров шаби 13 ба 14 октябр баъд аз боздошти модараш дар Санкт Петербург дар бемористони ба номи Цимбалина даргузашт. То он вақт чанд соат кӯдакро дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтийск нигоҳ дошта буданд.

XS
SM
MD
LG