Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои амниятӣ дар Тошканд ба ҳолати омодабош даромадаанд


Шурӯъ аз 3 ноябри соли ҷорӣ неруҳои милитсия, амнияти миллӣ ва гарнизони шаҳри Тошканд ба ҳолати омодабош ё казармавӣ даромадаанд.

Як манбаъ ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, “кормандони ниҳодҳои амнияти миллиро ҳатто дар наздики бинои БДА (ГАИ) дидан мумкин аст”.

Аз ҳафтаи гузашта дар шаҳри Тошканд пулис ба сокинон ҳушдор додааст, ки шомгоҳон ба ҳангоми гашту гузор бо худ шиноснома гирифта ва афроди бидуни шиноснома ба идораи пулис эъзом хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, далели ин иқдом ба ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар Тошканд рабт доштааст, ки рӯзҳои 5-6 ноябр баргузор хоҳад шуд. Дар назар аст, дар ин тадбир 560 тоҷиру соҳибкор аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд.


XS
SM
MD
LG