Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бонки Миллии Қазоқистон барканор шуд


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, баъди беқурбшавии бошиддати пули миллии кишвар, Ғайрат Калимбетов, раиси Бонки Миллиро аз мақомаш барканор кард. Ба ҷойи ӯ Дониёр Акишев, дастёри раиси ҷумҳур ба мақоми раиси Бонки Миллӣ пешниҳод шуд ва порлумон ҳам номзадии ӯро рӯзи 2-уми ноябр пазируфт. Дониёр Акишеви 39-сола пеш аз кораш дар дастгоҳи раёсати ҷумҳур дар соли 2014 чандин сол дар Бонки Миллии Қазоқистон кор кардааст. Арзиши танга - пули миллии ин кишвар баъди озод кардани қурби табодулаш дар моҳи август бисёр поин рафт, бо вуҷуди онки Бонки Миллӣ барои нигаҳ доштани арзиши он 1 миллиарду 700 миллион доллар ва ё 6 дар сади захираҳои асъори кишварро харҷ кард. Поин рафтани қимати нафт ва ҳамингуна поин омадани қурби пули Русия ва Чин сабаби коҳиши қурби тангаи Қазоқистон шудааст.

XS
SM
MD
LG