Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад омода аст, ки интихобот баргузор кунад


Башор Асад
Башор Асад

Як намояндаи порламони Русия мегӯяд, ки Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия омода аст, ки дар ин кишвар интихоботи порламонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад.

Александр Юшенко-муовини раиси Ҳизби Куммунисти Русия чун узви ҳайати порламонии Русия баъд аз мулоқоташ бо Башор Асад гуфт, “вай омода аст, бо ширкати ҳамаи нируҳои сиёсӣ, ки пешрафти Сурияро мехоҳанд, интихобот баргузор кунад”.

Юшенко ҳамчунин гуфт, Асад омода аст худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кунад, “агар онро мардуми Сурия зарур шуморанд”.

Русия ҳампаймони калидии Башор Асад аст ва мегӯяд, ки раҳбари Сурия бояд бахше аз ҳали муноқиша дар марҳилаи гузор бошад. Вале кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Асад наметавонад бахше барои ояндаи Сурия бошад.

XS
SM
MD
LG