Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович ҳукумати Украинаро ба додгоҳ кашид


Як созмони ҳуқуқӣ, ки аз манфиатҳои раиси ҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович намояндагӣ мекунад, изҳор дошт, ки ҳукумати Украинаро ба далели «борҳо» вайрон кардани ҳуқуқҳои Янукович ба додгоҳ мекашад. Ба иддаои вакилони дифоъ, Янукович «барои мавқеи сиёсии худ ва мақомаш» мавриди хушунат қарор гирифтааст.

Янукович дар моҳи феврали соли 2014 баъд аз чанд моҳи оғози эътирозҳо барои раҳбариаш аз Украина ба Русия фирор кард. Феълан Янукович дар Русия аст, аммо маҳалли дақиқи будубоши вай маълум нест.

Дар моҳи август додгоҳе дар Киев ба муҳокимаи Янукович ба гумони даст доштани вай ба фавти ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ оғоз кард. Ӯро ҳамчунин ба фасодкорӣ ва дуздии маблағҳо айбдор мекунанд. Вакилони дифои Виктор Янукович иддао доранд, ки вай ба далели амниятӣ наметавонад ба Украина баргардад.

XS
SM
MD
LG