Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди имдодии Олмон аз асорат раҳо шуд


Як корманди имдодии Олмон, ки моҳи август дар Афғонистон рабуда шуда буд, аз асорат раҳо шуд ва саломатиаш хуб аст. Созмони рушди Олмон бо номи GIZ 18 октябр гуфт, ки ин хонуми олмонӣ “бо назардошти шароит саломатиаш хуб аст ва худаш ҳам хушҳол аст, ки ба озодӣ баромадааст”.

Ин корманди созмони имдодӣ, ки аз вай ном бурда намешавад, 17 август дар маркази Кобул рабуда шуда буд. Мошини вайро нигоҳ доштанд ва вайро гаравгон гирифтанд.

Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон дар Теҳрон гуфт, ки вай аз хабари раҳоии ин корманди олмонӣ хушҳол аст.

Ин зан ба ҳукумати Афғонистон ва нируҳои амниятии ин кишвар барои барои амалиёти раҳоӣ изҳори сипос кард.

XS
SM
MD
LG