Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се узви "Давлати исломӣ" дар Маскав


Се шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Додгоҳи ноҳиявии Лефортово рӯзи 13-уми октябр амр додааст, ки Аслан Бойсултоново, Элмон Ашаев, Муҳаммад Маҷидовро то рӯзи 12-уми декабр дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳ доранд. Александр Бортников, раиси Хадамоти Федеролии Амнияти Русия рӯзи 13-уми октябр гуфт, ки ин се нафар дар миёни гурӯҳи 12-нафарии шаҳрвандони кишвар буданд, ки рӯзи 11-уми октябр дастгир шуданд. Ба гуфтаи Бортников, Бойсултонов бо мақсади ташкили ҳамлаи террористӣ аз Сурия ба Маскав омадааст. Раиси Хадамоти Федеролии Русия, тамоми боздоштшудаҳо тарафдор ва аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ будаанд.

XS
SM
MD
LG