Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Лукашенкоро табрик гуфт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пирӯзии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи якшанбе дар Белорусро табрик гуфт. Дар номаи ҷаноби Раҳмон аз ҷумла омадааст, ки "интихоби такрории Шумо далели равшани боварии олиест, ки раҳбарӣ ва хатти маши Шумо дар амри шукуфоии кишвар ва беҳбудии халқи он ва ба баландшавии бемайлони обрӯи давлати Шумо дар арсаи ҷаҳон аз он бармеояд,"

Оқои Раҳмон дар ин паёми табрикӣ муносибатҳои Тоҷикистон ва Белорусро мусбат арзёбӣ кардааст.

Дар интихоботи президентии Белорус Александр Лукашенко -- раиси ҷумҳури феълии ин кишвар бо касби 83,49 дарсади овозҳо баранда шуд. Рақибони Лукашенко дар ин интихобот Татяна Короткевич, раҳабри ниҳоди мадании "Рост бигӯ" (Говори правду), Сергей Гайдукевич, раиси Ҳизби либерал-демократ ва Николай Улахович, раҳбари Ҳизби ватанпарасти Белорус мутаносибан 4,42, 3,32 ва 1,67 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Александр Лукашенко аз соли 1994 боз зимоми қудратро дар Белорус дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG