Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тавофуқоти Тоҷикистон бо Эрону Фаронса


Порлумони Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мувофиқатномаҳои ҳамкории ин кишвар бо Фаронса ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар назар аст, мувофиқатномаи Тоҷикистону Фаронса дар бораи бунёди нуқтаи фармондеҳию диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанбе ва Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистону Эрон дар мавриди бозсозии тунели “Истиқлол” дар иҷлоси ояндаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасвиб шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯрои порлумон тарҳи Қонунҳои “Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешнависи ислоҳи қавонини “Дар бораи амният”, “Қайди давлатии санадҳои ҳолатҳои шаҳрвандӣ”, “Органҳои худидораи шаҳраку деҳот” ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ баррасӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG