Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳисор рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Ҳисор рафтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи сешанбе Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як идда иншоотҳо ба муносибати ҷашни 3000-солагии Ҳисор ширкат кард. Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди кории худ ба фаъолияти мактаби президентӣ, Кохи фарҳанг, китобхона ва осорхона оғоз бахшидааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки давоми рӯз мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мардуми ин ноҳия дар назар аст.

XS
SM
MD
LG