Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони давлати Русия раҳпаймоӣ анҷом доданд


Ҳазорон нафар мухолифони давлати Русия ва ҷонибдорони онҳо баъд аз баргузории интихоботи маҳаллӣ дар ин кишвар дар Маскав раҳпаймоӣ анҷом доданд. Онҳо мегӯянд, ҳизби ҳоким номзадҳои онҳоро канор задааст ва дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додааст.

Ин раҳпаймоӣ бо номи “Ҳамоиш барои тағири ҳокимият” 20 сентябр дар қисмати ҷанубии пойтахти Русия баргузор шуд. Ширкаткунандагон парчамҳои Парнас, яъне эътилофи нируҳои мухолифонро бардошта буданд. Бисёриҳо аксҳои Борис Немтсов-раҳбари мухолифонро бо худ доштанд, ки моҳи феврал дар наздикии Кохи Кремл ба қатл расонда шуд.

Дар интихоботи маҳаллии 13 сентябр ҳизби ҳокими Единая Русия пирузии чашмгир ба даст овард ва акнун дар даҳҳо вилояту шаҳр ва ноҳияҳо раҳбарон ва шӯроҳои маҳаллиро ташкил медиҳад.

Баъзе гурӯҳҳои мухолифон умед доштанд, ки дар минтақаи Кострома пируз мешаванд, вале баъдтар шикоят карданд, ки онҳоро танҳо барои он ба интихобот роҳ додаанд, ки ҳизби ҳоким онҳоро дар он ҷо қотеъона шикаст диҳад.

XS
SM
MD
LG