Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани эронитабор барои кор ба Кохи Сафед меравад


Кохи Сафед як зани эронитабори Амрикоро масъули гулороии Кохи Сафед интихоб кардааст. Масъули гулороӣ дар Кохи Сафед симатест ва Ҳадя Рушан Ғаффориёнро ба ин мақом Мишел Обама-хонуми аввали Амрико интихоб кардааст.

Хонум Ҳадя дар Теҳрон ба дунё омадааст ва дар Калифорнияи Амрико ба камол расидааст. Вай баъд за инқилоби соли 1979-и Эрон бо хонаводааш ба Амрико муҳоҷират кард ва ба гулфурӯшӣ машғул шуд. Гулҳои ҳавлии хонаводагиашонро мефурӯхт.

Баъдтар Ҳадя дар ороиши ҷашнҳо бо гулҳо ширкат ҷуст ва тадриҷан ба ороишгари касбии гулҳо табдил ёфт ва бештар аз ҳазор маросими расмиро гулороӣ кардааст.

Вай ҳафтаи оянда дар ороиши маҷлиси зиёфати раиси ҷумҳури Чин дар Кохи Сафед бори аввал ҳунари худро ба намоиш мегузорад. Вале аз нимаи моҳи октябр пурра барои кор ба Кохи Сафед мегузарад.

XS
SM
MD
LG