Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳеҷ ҳизб бештар аз 65 курсӣ нахоҳад гирифт


Кумиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон
Кумиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон

Кумиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон гуфтааст, ки ҳеҷ як аз ҳизбҳои сисёсии ин кишвар дар интихобти порламонӣ бештар аз 65 курсиро ба даст нахоҳад овард. Дар порламон 120 курсӣ вуҷуд дорад.

Кумиссиюни мазкур гуфтааст, ки ин маҳдудият дар қонуни интихоботии Қирғизистон дарҷ шудааст, то ягон ҳизб имкони ҳукмравоӣ дар порламонро надошта бошад ва чунин равиш ба рушди демократия кӯмак мекунад.

Кумиссиюни мазкур гуфтааст, агар ҳатто як ҳизб бештар аз он рай ба даст орад ва ба дарёфти курсиҳои бештар ноил шавад, дар он сурат ҳам аз як ҳизб танҳо 65 намоянда ба порламон хоҳанд гузашт.

Ҳизбе, ки на камтар аз 7 дарсад рай мегирад, ба порламон роҳ меёбад. Интихоботи Қирғизистон 4 октябр баргузор мешавад. Барои 120 курсии порламон 14 ҳизби сиёсӣ мубориза мекунанд.

XS
SM
MD
LG