Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Морозов хост, Ҷон Керриро таҳрим кунанд


Игор Морозов, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои Федератсия
Игор Морозов, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои Федератсия

Як узви палатаи болоии порлумони Русия хостааст, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва муовинони ӯро ба феҳрасти сиёсатмадорони таҳримкардаи Маскав ворид кунанд. Игор Морозов, узви кумитаи Кумитаи равобити хориҷии Шӯрои Федератсия ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки таҳрими Ҷон Керрӣ ва муовинонаш метавонад, посухе ба ҳукумати Амрико бошад, ба Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия раводиди маҳдуд додааст. Баъди ҳамроҳ кардани ғайриқонунии нимҷазираи Қрими Украина ба Русия, ҳукумати Амрико Валентина Матвиенкоро ба феҳрасти афроди таҳримкарда ворид намуд. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия қасд дошт, ҳафтаи оянда дар як ҳамоиши Иттиҳодияи Байнипорлумонӣ дар Созмони Милал ширкат кунад. Бар асоси раводиде, ки ба Валентина Матвиенко додаанд, ӯ метавонад дар нишастҳои Созмони Милал ширкат кунад, вале на дар ҳамоиши Иттиҳодияи Байнипорлумонӣ, ки мақоми нозир дар Созмони Милалро дорад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, иҷоза надодани Валентина Матвиенко барои ширкат дар нишастҳо “ғайриқобили қабул” аст ва ҳайати Русия аз ширкат дар ҳамоиш даст кашид.

XS
SM
MD
LG