Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко бо Меркел ва Ҳолланд мулоқот мекунад


Петро Порошенко

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко имрӯз дар Берлин бо сарони Фаронса ва Олмон ташдиди хушунатҳо дар шарқи Украинаро баҳс мекунад. Порошенко, раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба хотири баррасии роҳҳои иҷрои созишномаи оташбаси Минск гирди ҳам меоянд. Баъд аз мулоқот ҳарсе раҳбар нишасти хабарӣ хоҳанд дод. Авҷи ахири хушунатҳо дар шарқи Украина иҷрои оташбаси байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Русияро, ки моҳи феврал дар Минск имзо шуда буд, зери суол бурдааст. Русия ва Украина дар тирандозиҳои ахир дар атрофи шаҳри бандарии Мариупол дар ҷанубушарқи Украина якдигарро айбдор мекунанд. Аз апрели соли 2014 ба ин сӯ дар даргириҳо дар шарқи Украина беш аз 6800 тан ҷон бохтаанд. Қабл аз мулоқот бо Порошенко, Ҳолланд ва Меркел алоҳида роҳҳои посухи Иттиҳодияяи Аврупо ба сели бесобиқаи муҳоҷирон ва нооромиҳо дар Ховари Миёна ва Африқои шимолиро баҳс мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG