Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 9 тан аз дӯстони Гулнора Каримова


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Мақомоти Узбакистон боз 9 нафареро, ки феълан ё дар гузашта бо Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳурӣ Ислом Каримов робитаҳои тиҷоратӣ доштанд, боздошт кардаанд. Манобеи расмӣ дар Тошканд ба Озодӣ гуфтанд, дар байни ин 9 тани дар ин ҳафта боздоштшуда ду нафараш менеҷери аршади ширкати Coca-Cola буда, якеи дигар, бовар меравад, собиқ мушовири молии Гулнора Каримова мебошад. Ҷузъиёти дигар ҳанӯз дастрас нест. Гулнора Каримова, ки як замон вориси эҳтимолии тахти падараш шумурда мешуд, аз поёни соли 2013 таҳти фишор қарор гириффтааст. Дар июли соли 2014 13 нафар, бо шумули соҳибкори маъруф Рустам Мадумаров, ки бовар меравад, дӯстписари Гулнора Каримова буд, ва мушовири Каримова - Гаянэ Авакян - ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG