Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 боздошт дар пайи нашри видеои латукӯб дар Сарипул


Акси Фархунда, ки ӯро издиҳом кушт
Акси Фархунда, ки ӯро издиҳом кушт

Пулиси Афғонистон 5 нафарро бо гумони филмбардории латукӯби як марду духтараш боздошт кардааст. Ин марду духтарро фолбини як деҳа ба дуздӣ айбдор карда буд. Вазорати дохилаи Афғонистон гуфт, ин 5 тан рӯзи 15 август дар шаҳри Сарипул дар шимоли кишвар дастгир шуданд. Ҳамла ба он ду нафар дар ибтидои моҳ баъди ғорат шудани манзили як сокини рустои Туғӣ дар наздикии Сарипул сурат гирифт. Соҳиби хона аз фолбин хостааст, шахсияти дуздонро маълум кунад. Дар видео дида мешавад, ки издиҳом як зани ҷавонро бо калтак мекӯбад. Ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, сипас ба матбуоти маҳаллӣ роҳ ёфт. Дар моҳи май Фархунда ном як зани ҷавон дар Кобул аз сӯи издиҳом бо иттиҳоми сӯзондани китоби муқаддаси “Қуръон” то мурданаш латукӯб шуда буд. Ин қазия мавҷи маҳкумияти байналмилалиро ба бор овард ва осебпазирии занон дар Афғонистонро ба намоиш гузошт. Пулис баъдан гуфт, ки Фархунда “Қуръон”-ро насӯзондааст.

XS
SM
MD
LG