Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД дар бораи 21 мошини тӯйи додари Шаҳроми Абӯбакр


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хонаводаи Шаҳроми Абӯбакр, овозхони маъруфи тоҷикро барои ташкили 21 худрави гаронбаҳо дар маросими ақди никоҳи писарашон -- Баҳром Азизов айбдор кардааст. Дар ҳоле ки ба қавли мақомоти ин ниҳод, қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ барои рафтани домоду арӯс ба идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо чор худравро иҷоза додаасту бас. Базми арӯсии додари Шаҳроми Абӯбакр шоми 6 августи соли ҷорӣ баргузор шуда, ба иттилои ВКД мошини зиёди онҳо боис ба тамбашавӣ дар хиёбони марказии пойтахт гардидааст. “Ҳамаи далелҳои қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ин гурӯҳи ронандагон тавассути “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шуда, сабтҳои видеоии онҳо дар бойгонӣ мавҷуд аст,” -- навиштааст торнамои расмии Вазорати корҳои дохилӣ. Дар айни ҳол нисбат ба 6 ронандаи худравҳои тамғаи “Ренҷ Ровер” (21-00 АХ 01) Ишонҷон Мақсудов, тамғаи “Тойота Кэмри” (45-54 АО 01) Меҳробшо Myродов, тамғаи “Тойота Кэмри” (48-38 ВС 01) Хайриддин Дарвешов, тамғаи “Мерседес-МL” (00-07 ВК 01) Шаҳром Саидов, тамғаи “Порше” (66-66 BН 01) Далер Зоиров ва тамғаи “Галингавен” (01-01 СХ 01) Мирзо Ғоибов санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷустуҷӯи 15 воситаи нақлиётии дигар идома доштааст.

XS
SM
MD
LG