Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия


Рӯзҳои 12 то 15 август дар шаҳрҳои Маскаву Калининград барномаи «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия» ҷараён мегирад, ки дар он намояндагони фарҳангу ҳунари тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба иттилои Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскв, дар садри ҳайати Тоҷикистон муовини вазири фарҳанг Бунафша Одинаева қарор дорад. Нахуст шоми 12 август дар коҳи консертии «Филармонияи-2» ба номи Сергей Рахманинов консерти калоне баргузор мешавад. Дар он ҳунармандони гурӯҳи рақсии «Базморо», ансамбли доиранавозони зери раҳбарии Хайрулло Дадобоев, гурӯҳи мусиқии Амирбеки Мӯсо, ва ҳамчунин овозхонҳои маъруфи опера ва мусиқии замонавӣ - Миралӣ Достиев ва Ҳасани Ҳайдар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Инчунин дар кохи «Филармонияи 2»-и шаҳри Маскав намоишгоҳи аксҳои аксбардори маъруфи тоҷик Шӯҳратҷон Ёров баргузор мешавад, ки бештар фарҳангу табиати тоҷикро таблиғ мекунад.

Рӯзи 13 август дар Маскав дар театри давлатии «Киноактер» консерти ҳунарии дигари овозхонҳои тоҷик барпо мешавад. Ҳамин дастаҳои ҳунарӣ баъдан ба шаҳри Калининград мераванд ва дар чаҳорчӯби ҷашновнаи «Территория мира» ҳунари худро ба намоиш мегузоранд.

Анъанаи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ва ҳамингуна, рӯзҳои Русия дар Тоҷикистон аз солҳои Шӯравӣ маншаъ мегирад. Ҳадаф аз ин барномаҳо наздиктар кардани мардум ва ҳам таблиғу шиносоии фарҳанги миллии як кишвар дар баробари сокинони Русия мебошад.

XS
SM
MD
LG