Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Эрон барои хотимаи ҷанг дар Сурия


Раҳбарони Эрон рӯзи 5–уми август гуфтанд, тарҳеро барои хотима додани ҷанг дар Сурия ба Созмони Милал пешниҳод мекунанд. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар мулоқот бо Волид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия дар Теҳрон гуфтааст, “Мо ҳар чизеро ки аз дастамон меояд, аз роҳи сиёсӣ анҷом медиҳем, ки сулҳу оромӣ ба Сурия баргардад.” Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, муовини вазири умури хориҷии Эрон гуфт, тарҳи сулҳ дар Сурия баъд аз гирифтани ризоияти ҳукуматҳои ду кишвар ба Созмони Милал пешниҳод мешавад. Тарҳи сулҳ бар асоси пешниҳодии чаҳорбандии Эрон омода шудааст, ки Эрон соли гузашта ба Созмони Милал пешниҳод кард. Намояндагони Сурияву Эрону Русия аз рӯзи 4-уми август дар бораи пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсии хотимаи ҷанг дар Сурия гуфтӯгу доранд. Эрон Сурия ду кишвари ҳомии ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд ва Теҳрон пайваста гуфтааст, дар сурати суқути ҳукумати Башор Асад, гурӯҳи Давлати исломӣ ва дигар созмонҳои тундрав ҷойи онро мегиранд.

XS
SM
MD
LG