Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш куштаи садамаҳои нақлиётӣ дар як рӯз


Дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар як рӯз дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон шаш нафар ба ҳалокат расидаанд. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки “рӯзи 3 август дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа шаш нафар ба ҳалокат расидаанд”.

Ба иттилои манбаъ, ”ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 26-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили дарё чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофирони автомашина марди 36-сола ва зани 22-солаи сокинони шаҳри Панҷакент аз дохили дарё баромада, духтарчаи ноболиғи 6-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда ва аҳли оилаи ӯ - зани 38-сола ва писарчаи 1-солааш ба дарё ғарқ шуда, ҷасади онҳо то ҳол дарёфт карда нашудааст.”

Ҳамчунин ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, “рӯзи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Долун», марди 54-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, аз дунбол ва паҳлӯи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-5511”, таҳти идораи ронанда марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, зада ба ҷарии чуқуриаш 100-120-метр онро чаппа намудааст. Автомашинаи худаш 200-250-метр лағжида, ба самти чапи роҳ ба кӯҳпора бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-5511”, марди 23-солаи сокини ш. Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ронандагони автомашинаҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.”

Инчунин тибқи ҳамин манбаъ “ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 20-сола, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Британияи Кабир, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо маҳаллаи 13 ба самти маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Нексия”, таҳти идораи ронанда, зани 51-солаи сокини ҳамин шаҳр, муҳандис дар ҶДММ “Мухлис”, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ, ҷавони 17-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.”

Зимнан, дар соли ҷорӣ садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, 642 ҳодисаро ташкил додааст, ки 163 ҳолати он садамаи марговар будааст. Дар пайи ин садамаҳо 196 нафар ҳалок ва 688 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG