Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 тон алюмини Тоҷикистон дар Бодканд боздошт шуд


Марзбонони Қирғизистон 3 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми талоши интиқоли 13 тон алюмин аз марзи миёни ду кишвар боздошт кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки арзиши тақрибии ин миқдор алюмини қочоқӣ 16,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ин алюмини қочоқӣ дар рустои Жаштики вилояти Бодканд боздошт шудааст. То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG